«Варзоб-1» дар баҳор ва тобистон ба кор медарояд

Декабрь 8, 2011 11:37

Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доир ба таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии /НБО/ «Варзоб-1»-ро тасдиқ намуд.  Санади мазкур соли 2007 ба имзо расида, тибқи он Ҳукумати Ҳиндустон ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа 17 миллион доллари амрикоиро ҳамчун кӯмаки бебозгашт ҷудо намуда буд. Зимни тавзеҳи санади мазкур Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гуфт, ки дар асоси татбиқи лоиҳа иқтидори ҳар як агрегати нерӯгоҳ ба зиёда аз як мегаватт афзоиш ёфта, бо назардошти барқарор намудани иқтидори лоиҳавӣ иқтидори умумии НБО «Варзоб-1» 9, 5 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Афзоиши истеҳсоли энергияи барқ дар натиҷаи таҷдиди нерӯгоҳ дар як сол 19 миллион киловатт соатро ташил медиҳад. Мавсуф афзуд, ки алҳол корҳои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба анҷом расида, ширкат ва паймонкор аз ҷониби Ҳиндустон дар қисмати обгузори сарбанду канал корҳои таъмириро ба анҷом расонидаанд ва қисмати фишордиҳандаи нерӯгоҳро бо маҳлули зидди занг рӯйпӯш намудаанд. Насби агрегатҳои нерӯгоҳ аз моҳи октябр огоз гардида, агрегати якуми он моҳи апрел ва дуюмаш дар моҳи июни соли 2012 ба кор андохта мешавад. П. Муҳиддинов афзуд, ки 80% таҷҳизоти зарурии нерӯгоҳ ба Тоҷикистон оварда шудааст ва дар анборҳои Хадамоти гумрук нигоҳ дошта мешавад. Бо тасдиқи санади мазкур аз сӯи парлумони кишвар ширкатҳои ҳиндустонӣ аз супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз озод мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки НБО «Варзоб-1» ҳанӯз 75 сол муқаддам- соли 1936 ба истифода дода шудааст. Аз сабаби истифодаи тӯлонӣ қисмҳои асосии он фарсудаю корношоям гардидаанд. Таҷдиди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ аз ҷониби мутахассисони ҳиндӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.

Декабрь 8, 2011 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст