«Варзоб-1» дар баҳор ва тобистон ба кор медарояд
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доир ба таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии /НБО/ «Варзоб-1»-ро тасдиқ намуд. Санади мазкур соли 2007 ба имзо расида, тибқи он Ҳукумати Ҳиндустон ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа 17 миллион доллари амрикоиро ҳамчун кӯмаки бебозгашт ҷудо намуда буд. Зимни тавзеҳи санади мазкур Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гуфт, ки дар асоси татбиқи лоиҳа иқтидори ҳар як агрегати нерӯгоҳ ба зиёда аз як мегаватт афзоиш ёфта, бо назардошти барқарор намудани иқтидори лоиҳавӣ иқтидори умумии НБО «Варзоб-1» 9, 5 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Афзоиши истеҳсоли энергияи барқ дар натиҷаи таҷдиди нерӯгоҳ дар як сол 19 миллион киловатт соатро ташил медиҳад. Мавсуф афзуд, ки алҳол корҳои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба анҷом расида, ширкат ва паймонкор аз ҷониби Ҳиндустон дар қисмати обгузори сарбанду канал корҳои таъмириро ба анҷом расонидаанд ва қисмати фишордиҳандаи нерӯгоҳро бо маҳлули зидди занг рӯйпӯш намудаанд. Насби агрегатҳои нерӯгоҳ аз моҳи октябр огоз гардида, агрегати якуми он моҳи апрел ва дуюмаш дар моҳи июни соли 2012 ба кор андохта мешавад. П. Муҳиддинов афзуд, ки 80% таҷҳизоти зарурии нерӯгоҳ ба Тоҷикистон оварда шудааст ва дар анборҳои Хадамоти гумрук нигоҳ дошта мешавад. Бо тасдиқи санади мазкур аз сӯи парлумони кишвар ширкатҳои ҳиндустонӣ аз супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз озод мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки НБО «Варзоб-1» ҳанӯз 75 сол муқаддам- соли 1936 ба истифода дода шудааст. Аз сабаби истифодаи тӯлонӣ қисмҳои асосии он фарсудаю корношоям гардидаанд. Таҷдиди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ аз ҷониби мутахассисони ҳиндӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






