Вохӯрии Олсон бо Р. Назаров
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт.Тавре ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Шоҳигарии Шветсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими иқтидори маркази матбуотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Сарвари Агентӣ ба ҷаноби сафир дар бораи вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистону Афғонистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, инчунин ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ҳарф зад. Ҳ. Олсон дар навбати худ қайд намуд, ки Ҳукумати Шветсия дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вай аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияти самарабахш доранд. Ҳукумати Шветсия дар оянда низ ният дорад аз роҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи нашъадор интихоб кардааст, пуштибонӣ кунад ва аз омодагии ҷониби Шветсия дар баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






