Вусъати сохтмон дар Кӯлоб
Кӯлоб, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 50 иншооти хурду бузург сохта шуд, ки дар айни замон дар хизмати сокинон карор доранд ва бо шарофати онҳо 250 нафар шахрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурӣ ва коркарди итилооти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб, ки пудратчиёнаш бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марҷона» мебошанд, вусъати тоза мегиранд. Дар бунёди бино 35 нафар мутахассиси беҳтарин ҷалб гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи лоиҳа бинои мазкур аз чор ошёна иборат буда, дар он 62 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисӣ ва ҳуҷраҳои махсус барои бойгонии идора ҷудо карда мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






