Забон донӣ ҷаҳон донӣ

Декабрь 9, 2011 10:24

Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф семинари методии омӯзгорони забони русӣ, ки муддати се рӯз идома дошт, ба кори худ анҷом бахшид. Чорабинии мазкур дар доираи ҳамкории Вазорати маорифи кишвар бо «Россотрудничество» /Русия/ ташкил шуда, ҳадафаш баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, муносибати нав ба фан, истифода аз компютер ва технологияи муосир дар дарсҳои забон ва адабиёти рус буд. Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар семинар мутахассисони варзидаи донишгоҳҳои Русия, устодони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон, омӯзгорони забони русӣ аз шаҳру навоҳии Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода иштирок доштанд. Иштирокчиёни семинар доир ба мавзӯъҳои муҳим — истифодаи равандҳои коркарди электронии маводи омӯзишӣ, мушкилоти умдаи грамматикаи забони русӣ, одоби муошират дар дарсҳо ибрози назар карданд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ дар мавриди такмили омӯзиши забони русӣ, китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимон тавассути баргузории чорабиниҳои мухталиф ибрози назар намуд. Ҳамзамон Ирина Каримова, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва С. Киселёв, намояндаи «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба фаъолияти минбаъдаи омӯзгорони забон ва адабиёти рус комёбиҳо таманно карданд

Декабрь 9, 2011 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд