Ғолибони озмуни рамзи 20-солагии иҷлосияи таърихӣ муайян шуданд
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ғолибони озмуни вилоятӣ барои рамзи 20-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) муайян гардиданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар озмуни вилоятӣ барои офаридани рамзи 20-солагии иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 лоиҳаи эҷодкорон дар асоси қарори комиссия баҳо дода шуда, ҷойҳои намоёнро гирифтанд. Аз ҷумла, Абдуҳалим Тӯхтаев –дизайнери оҷонсии рекламавии «Шер» сазовори ҷои якум ва ҷоизаи нақдии 2000 ҳазор сомонӣ, Сӯҳроб Хоҷаев ва Ҷовид Ҷамолов –кормандони «Кохи матбуот» сазовори ҷои дуюм ва ҷоизаи нақдии ҳазор сомонӣ ва Абдуазиз Абдурахмонов –донишҷӯйи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз созовори ҷои сеюм ва ҷоизаи нақдии 500 сомонӣ гардиданд








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






