Қадрдонии ғолибон

Январь 31, 2012 15:05

Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов зимни мулоқот бо хонандагони тоҷик — ғолибони олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ онҳоро табрик намуда, дастовардашонро комёбии калон дар соҳаи маорифи кишвар дар соли 2012 арзёбӣ кард. Аз олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз фанҳои дақиқ-риёзиёт, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ чанде пеш дар пойтахти собиқи Қазоқистон-Алмаато баргузор шуд, толибилмони тоҷик бо 13 медал баргаштанд. Сиддиқ Муборак, котиби матбуоти Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, дар озмуни бонуфуз 54 даста аз 18 давлати Аврупо ва Осиё иштирок дошт. Фарҳод Раҳимов аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ба ғолибон, устодон ва падару модарони онҳо, инчунин ба роҳбарияти литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе, мактаби Президентии шаҳри Чкалов ва литсейи хонандагони болаёқати ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат миннатдорӣ изҳор намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои пулию молии Вазорати маорифи ҷумҳуриро тақдим кард.  Мавсуф афзуд, ки пешниҳоди устодону толибилмон ҷиҳати таъсиси озмоишгоҳҳои илмҳои табиию риёзии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ дар маркази шаҳрҳо, зиёд намудани соати дарсии фанни технологияи информатсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор хоҳад гирифт.

Январь 31, 2012 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст