Қадрдонии ғолибон
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов зимни мулоқот бо хонандагони тоҷик — ғолибони олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ онҳоро табрик намуда, дастовардашонро комёбии калон дар соҳаи маорифи кишвар дар соли 2012 арзёбӣ кард. Аз олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз фанҳои дақиқ-риёзиёт, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ чанде пеш дар пойтахти собиқи Қазоқистон-Алмаато баргузор шуд, толибилмони тоҷик бо 13 медал баргаштанд. Сиддиқ Муборак, котиби матбуоти Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, дар озмуни бонуфуз 54 даста аз 18 давлати Аврупо ва Осиё иштирок дошт. Фарҳод Раҳимов аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ба ғолибон, устодон ва падару модарони онҳо, инчунин ба роҳбарияти литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе, мактаби Президентии шаҳри Чкалов ва литсейи хонандагони болаёқати ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат миннатдорӣ изҳор намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои пулию молии Вазорати маорифи ҷумҳуриро тақдим кард. Мавсуф афзуд, ки пешниҳоди устодону толибилмон ҷиҳати таъсиси озмоишгоҳҳои илмҳои табиию риёзии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ дар маркази шаҳрҳо, зиёд намудани соати дарсии фанни технологияи информатсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






