Қариб 44 килограм героин мусодира шуд
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ кӯшиши навбатии тавассути Тоҷикистон ба Русия интиқол додани маводи нашъаовари сохти Афғонистонро муваффақона ҷилавгирӣ намуд. Тавре дар маркази матбуоти агентии мазкур ба АМИТ «Ховар хабар доданд, кормандони агенӣ дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Musso» — ро дастгир намуданд, ки онро сокини вилояти Суғд идора мекард.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии мошин дар бордони он ду борхалта пайдо гардид, ки онҳо қариб 44 килограмм героин доштанд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Арзиши ҳадди ақали маводи нашъаовари мусодирашуда қариб 700 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






