Қонуншикании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Душанбе, 11 январ . (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Зимни санҷишҳои прокурорӣ «Ҳолати риояи талаботи қонунгузории замин» дар ҳудуди шаҳри Душанбе, қонуншиканиҳои ҷиддӣ ошкор шуданд. Аз ҷумла дар рафти санҷишҳо ҳолати ба таври воқеӣ таъмин накардани иҷрои санадҳои эътиноии прокурорӣ вобаста ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замине, ки аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва ноҳияи Фирдавсӣ худсарона ишғол шудаанд, муаян шуд,- иброз дошт муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдуқодир Муҳаммадиев ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти А. Муҳаммадиев, аз 175 санади эътиноии прокурорӣ, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва ноҳияи Фирдавсӣ фиристодашудаанд, 26 ададаш қисман иҷро шуда, 31 ададаш умуман иҷро нашудааст. Аз ин рӯ барои бартараф намудани қонуншиканиҳо санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул шуда, барои чораҷӯӣ ба раиси шаҳри Душанбе ва Президенти ҷумҳурӣ ирсол гардиданд,- афзуд А. Муҳаммадиев.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






