Қ. Расулзода: Суғд -калонтарин содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва меваи хушк дар ҷумҳурӣ

Январь 30, 2012 11:56

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар вилояти Суғд мулоқоти раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо намояндаи Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир Шӯҳрат Раҷабов, намояндаи ҷамъияти Олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетун, ҳамоҳангсози Барномаи рушди иқтисодии деҳот дар вилояти Суғд Паскал Бонзом баргузор гардид.  Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди кишоварзӣ дар деҳот, кушодани корхонаҳои истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти полезӣ ва боғдорӣ, содироти меваи хушк ба давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмудат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз раиси вилоят Қоҳир Расулзода меҳмононро бо вазъи иқтисодии вилоят шинос намуда, диққати меҳмононро барои изофа намудани содироти меваи хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб намуд. Зикр шуд, ки барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва меваи хушк мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва рақобатпазир шудани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ чораҳои мушаххас амалӣ гардад. Қоҳир Расулзода гуфт, ки соли ҷорӣ дар вилоят 65 корхонаи истеҳсолӣ кушода шуда, барои 2000 нафар ҷойи кор муҳайё гардид. Имсол ҳукумати вилоят ният дорад, ки шумораи корхонаҳои нави истеҳсолиро ба 70 адад расонад. Вилояти Суғд дар ҷумҳурӣ калонтарин содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва меваи хушк ба ҳисоб меравад. «Ҳанӯз дар ин ҷода иқтидори вилоят калон аст ва он нишондиҳандаҳоеро, ки имрӯз мо дорем, дучанд зиёд кардан мумкин аст», — афзуд раиси вилоят. — Аз ин лиҳоз ба намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ пешниҳод карда шуд, ки барои татбиқи лоиҳа дар минтақаҳои деҳоти вилоят корҳоро вусъат диҳанд. Боварии мардумро дар ин ҷода аз даст надода, дар моҳҳои наздик барои татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда шурӯъ бояд кард. Ташкилотҳои кӯмакрасон барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисоди деҳот» 2 миллиону 700 ҳазор доллар маблағ ҷудо намудаанд. Дар рафти мулоқот намояндагони созмонҳои байналхалқӣ низ назари худро доир ба рушди иқтисодиёти деҳот ба раиси вилоят изҳор намуданд.

Январь 30, 2012 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст