Ҳаҷми камбуди буҷа коҳиш дода мешавад
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Соли 2012 нишондиҳандаи дахлдори макроиқтисодии сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 10,5 фоизро ташкил медиҳад. «Ҳукумати ҶТ ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дод, ки имсол барои паст кардани сатҳи таваррум ва пойдории бозор тадбирҳои зарурӣ андешанд», — гуфт вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷараёни нишасити матбуотӣ, ки 23 январ доир шуд. «Мақсад аз ин тадбирҳо кам кардани ҳаҷми камбуди буҷа мебошад, ки он дар соли 2011 баробари 0,5 фоиз буд. Имсол барои мутобиқсозии сиёсати пулию қарзӣ кумитаи монетарӣ таъсис ёфтааст, ки дар он ҳар моҳ маълумот роҷеъ ба масоили марбут ба пойдории бозори кишвар мавриди муҳокима қарор мегирад», — гуфт вазири молия. Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дошт, ки то охири соли 2012 сатҳи таваррумро баробари 7 фоиз нигоҳ дорад, вале то охири соли 2011 баландшавии сатҳи он 9,3 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






