Ҳарорати пасти ҳаво боиси сироят шудани беморӣ

Январь 3, 2012 10:18

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Хадамоти обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012 ҳаво нисбатан сард омад. Сард омадани тирамоҳу зимистон боиси зиёд шудани бемории зуком дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардид,- мегӯяд сардори Раёсати давлатии назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров. Ба гуфти Н. Ҷаъфаров, дар мавсими тирамоҳ ва як моҳи зимистони соли 2012 наздик ба 16 ҳазор нафар гирифтори бемории зуком ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 950 нафар зиёд аст. Боиси тазаккур аст, ки дар фасли тирамоҳи соли 2011 танҳо як навъи зуком – Н3 ба қайд гирифта шуд, ҳол он ки соли 2010 се навъи бемории сироятии зуком, аз қабили H1N1 H3 ва B дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда буд. Боис ба ёдоварист, ки соли 2010 ҷиҳати пешгирии бемории зуком дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи эмкунӣ гузаронида шуд, ки он боиси коҳиши бемории зуком гардид.

Январь 3, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд