Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Зимни нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо хабарнигорони ВАО аслан перомуни нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2012 сухан рафт. Зариф Ализода таъкид намуд, ки дар соли сипаришуда дар мақомоти Ваколатдор фаъолияти муназзами шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ бо дастгирии Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин фаъолияти доимии сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд аризаю шикояти худро фиристонанд, ташкил гардид, барномаи электронии «Бақайдгирӣ ва коркарди муроҷиати шаҳрвандон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шуд. Дар соли гузашта ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 207 муроҷиати хаттӣ дохил шуд, аз ҷумла 71 муроҷиат ба мақомоти судӣ, 13 муроҷиат ба мақомоти прократура, 4 муроҷиат ба мақомоти амният, 16 муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва 10 муроҷиат ба мақомоти адлия. Муроҷиати шаҳрвандон асосан оид ба масоили ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя оид ба шиканҷа, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ буд. Доир ба шиканҷа соли гузашта 26 ариза дохил шуд ва 5- тои он ҳалли пурраи худро ёфт. Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон барои баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклу воситаҳои ҳифзи онҳо равона гардидааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






