Ҳиндустон Суперлигаи нави футбол таъсис медиҳад
Душанбе, 18 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Роҳбарияти Лигаи навтаъсиси Банголаи Шарқӣ эълон кардааст, ки тақрибан 30 нафар ситораҳои футболи ҷаҳон ва шаш мураббии маъруфро барои бозиҳои Суперлигаи нав аз хориҷи Ҳиндустон ба кишвараш даъват мекунад. Мақсад аз ин пайки нав боло бардоштани обрӯи футбол дар Ҳиндустон мебошад. Аллакай як қатор ситораҳои футбол чун Робер Пирес, Эрнан Креспо, Ҷей-Ҷей Окочей, Робби Фаулер, Хуан Пабло Сорин, Фернандо Морентес ва Фабио Каннаваро барои ширкат розигии худро додаанд. Аҷиб он аст, ки ин бозингарон ба музойяда гузошта мешаванд ва клубҳо онҳоро харидорӣ мекунанд. Чунин таҷриба аз бозии крикет, ки маҳбубтарин бозии ҳиндуҳост, сарчашма мегирад. Аз рӯи шарт ҳар дастаи ширкаткунанда бояд соҳиби маблағи на камтар аз 2,5 миллион доллар бошад. Ситораҳои ширкаткунанда дар 7 ҳафта бояд 600 ҳазор доллари амрикоӣ маош гиранд. Дар ҳайати дастаҳо бояд ҳатман шаш нафар футболбози ҷавони то 21 сола ҳузур дошта бошад. Мусобиқа 25 феврал оғоз меёбад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






