Ҷаласаи муассисони Гурӯҳи машваратии минтақавии давлатҳои ИДМ

Январь 31, 2012 15:23

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 30 январи соли равон дар шаҳри Маскав бо дастгирии Вазорати молияи Федератсияи Русия ҷаласаи муассисони Гурӯҳи машваратии минтақави (ГММ)-и Шӯрои устувории молиявӣ дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа директори департаменти назорати Бонки миллии Тоҷикистон Искандар Давлатов муаррифӣ намуд. Иштирокдорони ҷамъомад дар баробари муҳокимаи нақшаи кории Шӯро барои соли 2012, ҳамчунин чанд масъалаи дигар, аз қабили танзими масъалаҳои марбут ба молияро, ки барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ бар зидди хавфҳо дар низоми молиявии ҷаҳон ва минтақа аҳамияти пурарзиш доранд, муҳокима намуданд. Ба ғайр аз ин, аъзои гурӯҳ масъалаҳои устувории молиявӣ дар минтақа, аз ҷумла мавҷудияти ҷойҳои заиф дар сохтори молиявӣ, таъсири хавфҳои минтақаи евро ба онҳо, таъсири бӯҳрони қарзии як қатор давлатҳои аврупоӣ ба мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва андешидани тадбирҳои ҷавобии эҳтимолии сиёсати иқтисодиро баррасӣ намуданд. Ба Гурӯҳи машваратии минтақавии ИДМ намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина шомил мебошанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ фаъолияти идораи амалиётии Гурӯҳи машваратии минтақавии ИДМ-ро тасдиқ намуда, ба қарор омаданд, ки вазифаи котиботи гурӯҳро аз тариқи намояндагиҳои ташкилотҳои ҳамраисӣ ва дастгирии техникию ташкилиро аз ҷониби Бонки байнидавлатӣ ба роҳ монанд. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои устувории молиявӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 нақшаи васеъ намудани фаъолияти худро берун аз қаламрави давлатҳои аъзои Шӯрои устувории молиявӣ расман эълон карда буд.

Январь 31, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад