Ҷамъбасти фаъолияти яксола
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – «Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти вазъи сармоягузории назди Президенти ҶТ – олати таъмини муколамаи озоди давлатҳо ва бахши инфиродӣ», — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки чанбе пеш бо ибтикори котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти вазъи сармоягузории назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти вазъи сармоягузории назди Президенти ҶТ, намояндагони бахши инфиродӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.Роҳбари нави Котибот Завқиҷон Завқиев иштирокдорони мизи мудавварро аз дастовардҳои шӯро тайи соли гузашта воқиф намуда ва аз нақшаҳои оянда бо дарназардошти муайян намудани самтҳои асосии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, бахши инфиродӣ ва мушорикони байналмилалӣ нақл кард. Мувофиқи суханони З. Завқиев яке аз дастовардҳои назарраси шӯро дар соли 2011 иборат аз озод намудан аз пардохти андози арзиши изофӣ ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридот ва супоридани таҷҳизот бо василаи фаъолияти лизингӣ буд. Дар ҷараёни кори мизи мудаввар аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда мубоҳиса сурат гирифта ва иштирокдорон як қатор пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.Дар ин бора аз Котиботи Шӯрои машваратӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






