Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ намуд
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, ҶС «Ӯзтрансгаз» соати 8-00 вақти маҳаллӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро бидуни ягон асос ё огоҳӣ пурра қатъ намуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ҶC «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, баъди интиқоли газро қатъ намудани ҷониби Ӯзбекистон ҳамоно огоҳиномаи телефонӣ сурат гирифт. «Ин амал сарфи назар аз он рух дод, ки ҶC «Тоҷиктрансгаз» моҳи ноябри соли 2011 ба роҳбарияти ҶС «Ӯзтрансгаз» дар мавриди сари вақт бастани созишнома дар бораи хариду фурӯши гази табиӣ дар соли 2012 муроҷиат карда буд. Вале то имрӯз ҷавоби ин муроҷиат нарасидааст», — шарҳ доданд дар Ширкати гази Тоҷикистон.Ҳамчунин ба муроҷиати расмии Ҳукумати ҶТ ва муовини Сарвазири ҶТ – раиси қисми тоҷикистонии комиссия аз рӯи масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва савдои байни ҶТ ва ҶӮ Муродалӣ Алимардонов ба чунин раис аз ҷониби Ӯзбекистон таваҷҷӯҳе зоҳир нашуд.Қобили зикр аст, ки ҶС «Тоҷиктрансгаз» ҳамаи талабҳои дар қарордоди бо ҶС «Ӯзтрансгаз» бастаашро иҷро намуда буд. Чунин вазъияте, ки ҷониби ширкати гази Ӯзбекистон дар давраи зимистон ба миён овардааст, ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ, хусусан ба аҳолӣ ва маркази гармидиҳии пойтахт, ки аҳолиро бо гармӣ таъмин менамояд, зарари бузург мерасонад. «Дар сурати пайдо шудани маълумоти иловагӣ, ба аҳолии Тоҷикистон аз он дарак дода мешавад», — изҳор доштанд дар ҶC «Тоҷиктрансгаз».