Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба А.Гул

Январь 30, 2012 11:50

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бародари азиз, Дар иртибот ба бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дўсти Туркия табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам. Бо камоли масаррат мехоҳам зикр намоям, ки тайи давраи сипаришуда ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистон ва Туркия дар асоси усулҳои дўстии пойдор, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарманфиатӣ раванди рушди бемайлонро касб карда, имрўз дар сатҳи баланди ҳамшарикии самараноки ду ва бисёрҷониба қарор гирифтаанд. Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дўстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба дастовардҳои бист соли гузашта дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо ишора ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо кишвари Туркияи дўст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кўшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон таъкид намоям. Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирўзиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ, пешрафти рўзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 30, 2012 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд