Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба А.Гул
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бародари азиз, Дар иртибот ба бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дўсти Туркия табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам. Бо камоли масаррат мехоҳам зикр намоям, ки тайи давраи сипаришуда ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистон ва Туркия дар асоси усулҳои дўстии пойдор, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарманфиатӣ раванди рушди бемайлонро касб карда, имрўз дар сатҳи баланди ҳамшарикии самараноки ду ва бисёрҷониба қарор гирифтаанд. Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дўстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба дастовардҳои бист соли гузашта дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо ишора ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо кишвари Туркияи дўст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кўшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон таъкид намоям. Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирўзиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ, пешрафти рўзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






