Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар соли 2011 пурра иҷро гардид
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Соли 2011 дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бобати танзими бозори меҳнат ва таъмини кор як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҷиҳати танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳким ва татбиқи босамари сиёсати давлат пайваста амал намуда, дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 аз рӯи 6 самти асосӣ: таъсиси ҷойҳои нави корӣ; миёнаравӣ дар бозори меҳнат; тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон; дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон; ташкили корҳои ҷамъиятии музднок ва таъину пардохти кӯмакпулӣ барои бекорон иҷрои барномаро ба андозаи 120 фоиз таъмин намуд. Дар ин муддат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 105302 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 64079 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 44315 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 32406 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳад шуд, ки 112,1 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






