Баррасии ҳамкориҳо бо ҳайати Финляндия
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Финляндия – мушовир оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Юҳани Тойвонен, мушовири калони Раёсати рушди сиёсӣ доктор Оли Руоҳомэки ва ҳамоҳангсози барнома хонум Ханна Вуокко доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз Ҷумҳурии Финляндия ба кишвари мо асосан маҳсулоти коғазӣ, асбоб ва дастгоҳ барои ченкунии роҳҳои мумфарш ва таҷҳизот барои коркарди резин ворид карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






