Баррасии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи Ҳукумат
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.Дар маҷлиси васеъ роҳбарият ва аъзои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд. Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд. Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷаи давлатӣ 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Таваррум ба 9,3% расид. Барои дастгирии бештари рушди соҳибкории хусусӣ 5,9 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардид, ки 49% он ба соҳибкорони истеҳсолӣ дода шудааст. Сипас гузориши роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» шунида шуд. Таваҷҷӯҳи махсус ба беҳсозии механизми ҳисоби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои нақшаи тадбирҳо оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, иҷрои босифати буҷа, фаъол намудани шабакаи ягонаи электронии миёни сохторҳои молия, андоз, гумрук ва «Амонатбонк» зоҳир карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми пасандозҳои мардум 32,1% афзуда, шумораи пасандозгузорандагон танҳо дар «Амонатбонк» 110 ҳазор нафар зиёд шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои мазкур доир ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки то охири семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи Кодекси нави андоз ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Зимни ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ба роҳбарони сохторҳои марбута доир ба пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳо дар миёни наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ҳисоботи Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта зимни 1335 тафтишу санҷиш ба андозаи 107,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 75,5 миллиони он баргардонида шуд. Сипас, ҳисоботи роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, ШХСК «Барқи Тоҷик», роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дод, ки барои соҳибкорони дохилию хориҷии истеҳсолӣ, ки ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосир ворид сохта, ҷойҳои нави корӣ бунёд менамоянд, бо бартарафсозии монеаҳои бюрократӣ ва додани имтиёзҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.