Боварии аҳолӣ ба бонкҳо меафзояд

Январь 20, 2012 09:16

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми соли сипаригардида афзоиши пасандозҳо нисбат ба соли 2010 баробари 21 фоиз зиёд шуда ба 3,9 млрд. сомонӣ расид», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин давра 41,9 фоиз зиёд гардида, 2,2 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ ба 15,67 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 14,75 фоиз баробар шуданд. «Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 4,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда 45,5 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 54,5 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд», -гуфт муовини раиси Бонки миллӣ. Дар ҷараёни сӯҳбат қайд гардид, ки мӯҳлати миёнаи қарзҳо барои шахсони воқеӣ ба 373 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 338 рӯз баробар шуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,85 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,91 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 9 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 3 банди фоизӣ кам гардид. «Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурд нисбат ба соли гузашта 31,1 фоиз зиёд шуда ва 2,3 млрд. сомониро ташкил дод», — гуфт дар хотима М. Холиқзода.

Январь 20, 2012 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст