Чжилӣ: «Чин аз тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон манфиатдор аст»
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумичиноии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Чэн Чжилӣ баррасӣ гардиданд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки сафари ҳайати чиноӣ ба Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонии кишварҳо, ки дар доираи 20-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Чин сурат мегирад, саҳифаи навро боз менамояд. Зикр шуд, ки кӯмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Чин дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳҳою нақбҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ шаҳодати тақвияти муносиботи неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо мебошанд. Дар мулоқот ҳамзамон тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин ва соири масоили рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату энергетика, иктишофу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва кишоварзию башардӯстона матраҳ гаштанд. Хонум Чэн Чжилӣ аз номи Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумичиноии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Банго ба Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон паёми шодбошӣ расонид. Мавсуф гуфт, ки Чин барои тақвияти бештари муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон манфиатдор аст. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






