Дар соли 2011 ҷинояткорӣ рӯ ба афзоиш ниҳод

Январь 10, 2012 16:23

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералии кишвар муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдуқодир Муҳаммадиев ба хабарнигорон гуфт, ки дар соли 2011 ҷинояткорӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2316 адад бештар шудааст. Кормандони прокуратура 90 фоизи ҷиноятҳоро ошкор намуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта беҳтар аст. А. Муҳаммадиев асосан аз зиёд шудани ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд.Ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо содиршуда дар соли 2011 беш аз 545 ададро ташкил медиҳанд. Азбаски ҷиноятҳои содир намудаи ноболиғон дар ҳар шакл боиси нигаронӣ аст, кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки сари ин масъала ҳамарӯза бо ҷавонон ва бахусус бо ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намоянд.  Мақомоти тафтишот ва таҳқиқ дар соли 2011 тафтиши 9 ҳазору 819 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонид ва 7 ҳазору 269 парванда ба суд ирсол шуда, тафтиши 2550 парванда бо сабабҳои гуногун қатъ гардидааст. Аз ҷумлаи парвандаҳои ба суд фиристодашуда 2387 адади онро мақомоти прокуратура, 4306 ададашро мақомоти корҳои дохилӣ, 139 адади онро мақомоти амнияти миллӣ, 109 ададашро Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва 328 ададашро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тайёр ва ба суд ирсол намудаанд. Кормандони прокуратура дар соли 2011 рисолати худро ба таври зарурӣ иҷро намуданд ва дар соли 2012 мекӯшанд, ки таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳама шароит аз ҷониби кормандони ин мақомот дастгирӣ ёбад,- афзуд А.Муҳаммадиев.

Январь 10, 2012 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд