«Диёри Душанбе» кай сохта мешавад?
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Душанбе аз ҷониби давлати Қатар дар муддати се сол сохта мешавад ва ин кишвар дар бунёди он беш аз 70 миллион доллари амрикоӣ ба таври ройгон харҷ менамояд. Ин матлабро Давлаталӣ Саидов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ 19 январ зимни баррасии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ дар парлумони мамлакат иброз дошт. Давлаталӣ Саидов афзуд, ки ҳамзамон давлати Қатар дар доираи ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ дар Душанбе шаҳраки замонавиро бо номи «Диёри Душанбе» бунёд месозад, ки он дорои манзилҳои истиқоматӣ, мактабу бемористон, меҳмонхона, тарабхонаву қаҳвахона, боғчаи кӯдакон, майдони варзиш ва боғу гулгаштҳо мебошад. Ҳаҷми лоиҳаи сохтмони қасабаи муосири «Диёри Душанбе» 220 миллион долларро ташкил медиҳад. Шаҳраки замонавии «Диёри Душанбе» аз ҷониби ширкати сохтмонии «Ад-диёр»-и Қатар дар муддати се сол бунёд мешавад. Созишномаи мазкур ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорро кафолат дода, механизми иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавиро танзим менамояд. Мавриди зикр аст, ки ин санад 25 августи соли 2011 дар Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишварамон равона гардидааст. Созишнома муносибатҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар, вусъат бахшидани сармоягузориҳо, таъмини шароити баробару боадолатона ва ҳимояи моликияту сармояро ба танзим медарорад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






