Э. Раҳмон: «Мардумро бо алоқаи телефонӣ таъмин намоед»
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаро вазифадор намуд, ки насби як миллион адад телефонҳои хонагиро тезонида, дар навбати аввал оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро бо алоқаи телефонӣ таъмин созад.Ҳамчунин Хадамоти муҳоҷиратро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута масоили ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнативу иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои судмандро амалӣ намоянд,- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.Зикр шуд, ки зарур аст истифодабаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва тақвияти имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






