Фаъолияти яксолаи Кумитаи давлатии заминсозӣ

Январь 12, 2012 13:08

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Зокиров, дар соли 2011 кумита дар доираи фаъолияти худ ҳисоботро оид ба миқдори замин, тақсимоти он ба навъу намудҳо ва миқдори истфодабарандагони заминро дар ҳудуди ҳар як ноҳияю вилоят ба охир расонид. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 млн. 350 ҳазору 113 гектар замин мавриди истифода қарор дорад. Аз ҷумла, заминҳои берун аз марзи маъмурӣ 95 ҳазору 876 гектар буда, аз он 6651 гектар дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 89 ҳазору 218 гектар дар марзи Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Ҳамчунин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1160 гектар заминро давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла 1ҳазору 94 гектарро Ӯзбекистон ва 66 гектарро Қирғизистон истифода мебаранд. Аз майдони умумии заминҳо дар истифодаи корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 7 млн. 160 ҳазору 365 гектар қарор дорад, ки аз он 678 ҳазору 462 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.Ба гуфти раиси кумитаи мазкур дар айни замон дар ҷумҳурӣ 14 адад хоҷагии ҷамоавӣ, 551 адад кооперативи кишоварзӣ, 73 адад ширкати кишоварзӣ, 158 адад корхонаи иҷоравӣ, 1048 адад хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ва 67 ҳазору 193 адад хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд ва 9454 қитъа замин марбути саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа, 1138 қитъа замини таъйиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, таърихию маданӣ ва 406 қитъа замини иншооти хоҷагии об истифода мегардад.

Январь 12, 2012 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад