Иҷрои қонун ҳатмист
Файзобод. 18 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре Сардори ШКД – и ноҳияи Файзобод полковник Нуралӣ Одинаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, давоми соли 2011 кормандони ШКД якҷоя бо намояндагонии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар нуҳ ҷамоати деҳот ва ҷамоати шаҳраки ноҳия ҷиҳати иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо сокинони деҳот ва кормандони мактабҳо маҷлису ҷамъомадҳо ташкил намуданд.Нуралӣ Одинаев, ҳамчунин иброз дошт, ки иҷрои қонуни мазкур аз ҳар як шаҳрванд ахлоқи хамида ва тартибу низомро талаб менамояд, ки иҷрои он ҳатмист.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






