Имомхатибон ва давраи бозомӯзӣ

Январь 9, 2012 15:52

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –«Фаъолияти як масҷиди ҷомеъ бинобар вайрон намудани талаботи қонун ба мӯҳлати 3 моҳ боздошта шуд. Ҳамзамон ба панҷ иттиҳодияҳои динӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор барои пешгирии қонуншиканӣ огоҳинома дода шуд»- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов. Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши динии имомхатибон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз таърихи 3 марти соли 2011 то 6 октябри соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Фонди нуфуси СММ (UNFPA) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 11 маротиба курсҳои бозомӯзии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки дар маҷмӯъ 448 нафар имомхатиб аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он фаро гирифта шуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар курсҳои бозомӯзӣ мавзӯъҳои ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ, донишҳои тахассусӣ ва ибтидоии динӣ, таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, танзими оила, нақши уламо ва ходимони дин дар пешгирии бемориҳои вогир (эпидемия), аз қабили ВИЧ/СПИД, баробарии гендерӣ, тарзи солими ҳаёт ва дигар арзишҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таълим дода шуданд.

Январь 9, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд