Имзои Созишномаи нав бо кишвари ҳамсоя
Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ дар Тошканд Созишномаи нав оид ба интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон байни «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд. Дар асоси Созишномаи мазкур нархи нави интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тибқи он кишвари ҳамсоя ҳазор метри мукааб газро ба Тоҷикистон ба маблағи 285 доллар хоҳад фурӯхт. Қаблан он 311 доллар муайян гардида буд. Интизор меравад, ки Ӯзбекистон дар соли 2012 ба Тоҷикистон то 200 миллион метри мукаааб гази табиӣ интиқол диҳад. Бояд зикр кард, ки Ӯзбекистон бе огоҳии пешакӣ 4 январи соли равон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намуда буд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






