Истеҳсоли 56 номгӯи маҳсулот афзуд, аммо…
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар давоми моҳҳои январ- декабри соли 2011 аз 83 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 56 номгӯи он 67,5 фоиз афзуда, аммо 24 номгӯи он ба андозаи 28,9 фоиз кам шуд, 3 намуди маҳсулот, аз қабили молҳои сахти чармин, зарфҳои чинӣ ва автобус истеҳсол нашудааст ва ё ҳамагӣ то 2,5 фоиз истеҳсол гардидааст.Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2011 6 млрд. 602,2 млн. сомонӣ ё 87 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил дод. Тибқи маълумот, дар соли 2011 аз 882 корхонаи истеҳсолӣ 547 корхона ба андозаи 62 фоиз аз сатҳи истеҳсоли соли 2010 бештар маҳсулот бароварданд.Корхонҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба маблағи 2 млрд. 897 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин давра корхонаҳои коркарди пахта ба маблағи 1 млрд. 139,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ бароварданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






