Истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон истеҳсоли тракторҳо ва маҳсулоти дигари кишоварзиро мунтазам зиёд мекунад.Мувофиқи суханони манбаъ, корхонаи мазкур ягона дар ҷумҳурӣ корхонаест, ки ба истеҳсоли трактору техникаи дигари соҳаи кишоварзӣ машғул аст. Феҳристи маҳсулоти бахши кишоварзии корхона аз қабили трактор, сипор, култиватор ва маҳсулоти дигар доимо васеъ мегардад. Корхона дар соли 2011 ба маблағи беш аз 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот баровард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






