КБСС тасмим дорад ба маҳбусон ёрӣ расонад

Январь 24, 2012 12:05

Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ тасмим гирифтааст, ки дар соли равон тавассути барномаҳои худ ба маҳбусон ва наздикону пайвандони онҳо ва оилаҳои шахсони беному нишоншуда ёрии моддӣ расонад. Ин нуктаро хонум Северин Шаппаз, роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев зикр кард. Хонум Северин ҳамзамон афзуд, ки намояндагии КБСС фаъолияти худро ба созмондиҳии семинар ва сӯҳбати мизҳои гирд бо намояндагони васоити ахбори омма, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона мутамарказ менамояд, ҳамзамон фаъолияти дафтарҳои намояндагии КБСС –ро дар минтақаҳои Кӯлобу Ишкошим, ва Рашту Суғд тақвият мебахшад.  Хонум Северин Шаппаз таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни фаъолияташ аз тамоми имконот ва дониши худ ҷиҳати тақвияти робитаҳои ин ниҳоди байналмилалӣ бо Тоҷикистон истифода хоҳад кард.  Бояд зикр кард, ки хонум Северин Шаппаз қаблан дар ин вазифа дар кишварҳои африқоӣ, инчунин дар Қирғизистону Ӯзбекистон ва Швейтсария фаъолият намудааст.

Январь 24, 2012 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад