КБСС тасмим дорад ба маҳбусон ёрӣ расонад
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ тасмим гирифтааст, ки дар соли равон тавассути барномаҳои худ ба маҳбусон ва наздикону пайвандони онҳо ва оилаҳои шахсони беному нишоншуда ёрии моддӣ расонад. Ин нуктаро хонум Северин Шаппаз, роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев зикр кард. Хонум Северин ҳамзамон афзуд, ки намояндагии КБСС фаъолияти худро ба созмондиҳии семинар ва сӯҳбати мизҳои гирд бо намояндагони васоити ахбори омма, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона мутамарказ менамояд, ҳамзамон фаъолияти дафтарҳои намояндагии КБСС –ро дар минтақаҳои Кӯлобу Ишкошим, ва Рашту Суғд тақвият мебахшад. Хонум Северин Шаппаз таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни фаъолияташ аз тамоми имконот ва дониши худ ҷиҳати тақвияти робитаҳои ин ниҳоди байналмилалӣ бо Тоҷикистон истифода хоҳад кард. Бояд зикр кард, ки хонум Северин Шаппаз қаблан дар ин вазифа дар кишварҳои африқоӣ, инчунин дар Қирғизистону Ӯзбекистон ва Швейтсария фаъолият намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






