Китоби нави таҳлилӣ оид ба фаъолияти Сарвари давлат
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Ба истиқболи 15- умин солгарди Ваҳдати миллии кишвар дар нашриёти «Контраст» -и пойтахт бо номи «Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон» ([attachment=8]) китоби таҳлилии мушовири калони Сарвари давлат Зафар Сайидзода ва корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Фаридун Саидов аз чоп баромад.Муаллифон сиёсати дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар тӯли 19 соли охир мавриди таҳқиқ қарор додаанд.Дар пешгуфтори китоб тазаккур ёфтааст, ки дар тӯли ин ҳама солҳои сарварӣ ба ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷуз роҳбари сиёсӣ будан, ба мураббӣ ва муаллими ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст. Рисолаи илмии сиёсии мазкур аз пешгуфтор ва се боби муфассал иборат буда, бешак, таваҷҷӯҳи олимону сиёсатшиносон ва доираи васеи хонандагони ҷавонро ҷалб хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






