Корхонаҳо бо маҳсулот таъмин нашуданд
Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 77 корхонаи пахтатозакунӣ ва 31 корхонаи коркарди меваю сабзавот фаъолият дорад. Дар 77 корхонаи пахтатозакунӣ 199,6 ҳазор тонна пахта коркард шуда ва аз он 69,3 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардид, ки он 34,7 фоизи нахи пахтаи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.Корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳамагӣ 7 ҳазору 368,1 тонна нахи пахтаро коркард намуданд. Истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ҳамагӣ 10,7 фоизро ташкил медиҳад.Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд 11 ҳазору 800 тонна ҳосили зардолу ҳамагӣ 1 ҳазору 158 тоннааш ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки ин 10 фоизи ҳосили умумӣ ва 20 фоизи миқдори шартномаро ташкил медиҳад. Чунин ҳолат дар коркарди саноатии помидор низ мушоҳида гардид. Ба корхонаҳои коркарди саноатии помидор аз 17 ҳазор тоннаи шартномавӣ барои коркард ҳамагӣ 3 ҳазору 168 тонна помидор супорида шуд, ки фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатиро таъмин карда натавонист.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






