Корманди Вазорати мудофиа дастгир шуд
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини қумондон оид ба бахши тарбиявии ротаи алоҳидаи тирандозии Вазорати мудофиаи ҶТ капитани 29 – сола Қиёмиддин Соатовро, ки ба қочоқи маводи нашъаовар машғул буд, дастгир намуданд.Бино ба хабари сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, 28 январ дар ҷараёни ҷустуҷӯи фаврӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз автомобиле аз ҳаракат боздошта шуд, ки онро сокини 25 – солаи ноҳияи Роштқалъа Қамариддин Сӯҳробов идора мекард. Ҳангоми муоинаи автомобил аз бағоҷи мусофири он — корманди зикршудаи Вазорати мудофиа, як килограмм героин мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода ва тафтишот идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






