Ксения муаррифгари тамаддуни -форсӣ

Январь 10, 2012 11:55

Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маҳсули ҳунари дастони яке аз рассомони ҷавони украинӣ Ксения Шевченко, ки дар худ фарҳанги тоҷикию форсӣ, бахусус осори шоирони классикии тоҷику форс –Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдии Шерозиро таҷассум намудааст, 23 январ дар Қасри фарҳангии шаҳри Донетски Украина ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ба намоишгоҳ намояндагони фарҳангу ҳунари шаҳри Донетск ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина даъват шудаанд. Ксения Шевченко 29 сол дошта, зодаи шаҳри Донетск аст. Вай соли 2005 шӯъбаи рассомии омӯзишгоҳи ҳунарии Донетск ва соли 2011 кафедраи графикаи Академияи табъу нашри шаҳри Лвовро хатм намуда, сазовори дипломи магистр ва ихтисоси рассомӣ шудааст. Дар офаридаҳои худ рассоми ҷавон саъй намудааст, ки ду фарҳанг-фарҳанги форсӣ ва славяниро омезиш дода, тахайюлоти олами рангини худро бо мӯқаллам рӯи коғаз таҷассум намояд. Ксения ба фарҳангу тамаддуни тоҷикию форсӣ самимият ва таваҷҷӯҳи хосса дошта, пайваста пайи омӯзиши ҳунару фарҳанги форсӣ, хусусан санъати хушнависӣ, мураттаб сохтани дастхату китобҳо, ки дар худ тасвирҳои қадимиро бо диди муосир омезиш медиҳанд, мебошад. Дар маҳсули ҳунари дастони Ксения нақшу нигори шарқӣ бо ҷилои нав тобиш ёфта, симои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва достонҳои безаволи шоирони классики тоҷику форс тасвир гардидаанд.Ксения Шевченко иштирокчии як қатор намоишгоҳҳои шаҳрӣ,минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии марбут ба ҳунари графика буда, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Январь 10, 2012 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст