«Made in Tajikistan» бозоргир мешавад

Январь 20, 2012 15:25

Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлат ҷиҳати таҳия ва коркарди технологияҳои инноватсионӣ барои олимони тоҷик беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст», гуфт зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамроалиев дар палатаи поёнии парлумони мамлакат. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонун бо ҷалби мутахассисони варзидаи вазорату идораҳо ва олимони шинохтаи муассисаҳои илмии кишвар таҳия шуда, аз 6 боб ва 22 модда иборат аст. Самти асосии лоиҳаи қонун ба ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохтори мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Қонуни нав ҳамчунин ҷиҳати дастгирии субъектҳои инноватсионӣ, ҷалби сармояи бонкӣ барои истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии рақобатпазир дар кишвар мусоидат менамояд. Дар мавриди татбиқи қонуни мазкур Тоҷикистон дар зарфи даҳсолаи минбаъда аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.  Ба андешаи Махфират Хидирова, вакили Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонун барои рушди соҳаи инноватсионӣ ва ҳавасмандкунӣ дар ин соҳа нақши муассир мегузорад. Зеро рушди бахши инноватсионӣ шароит фароҳам меорад, ки иқтидори истеҳсолию саноатии давлат баланд гардида, бо маҳсулоти бозоргиру рақобатпазираш дар бозори ҷаҳонӣ мақоми хоссаро касб намояд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки сатҳи болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз ҳисоби истифодаи инноватсияҳо 70-80%-ро ташкил медиҳад. Дар лоиҳаи қонун ташкили бунёди махсуси инноватсионӣ пешбинӣ шудааст.

Январь 20, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд