«Made in Tajikistan» бозоргир мешавад
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлат ҷиҳати таҳия ва коркарди технологияҳои инноватсионӣ барои олимони тоҷик беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст», гуфт зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамроалиев дар палатаи поёнии парлумони мамлакат. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонун бо ҷалби мутахассисони варзидаи вазорату идораҳо ва олимони шинохтаи муассисаҳои илмии кишвар таҳия шуда, аз 6 боб ва 22 модда иборат аст. Самти асосии лоиҳаи қонун ба ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохтори мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Қонуни нав ҳамчунин ҷиҳати дастгирии субъектҳои инноватсионӣ, ҷалби сармояи бонкӣ барои истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии рақобатпазир дар кишвар мусоидат менамояд. Дар мавриди татбиқи қонуни мазкур Тоҷикистон дар зарфи даҳсолаи минбаъда аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт. Ба андешаи Махфират Хидирова, вакили Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонун барои рушди соҳаи инноватсионӣ ва ҳавасмандкунӣ дар ин соҳа нақши муассир мегузорад. Зеро рушди бахши инноватсионӣ шароит фароҳам меорад, ки иқтидори истеҳсолию саноатии давлат баланд гардида, бо маҳсулоти бозоргиру рақобатпазираш дар бозори ҷаҳонӣ мақоми хоссаро касб намояд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки сатҳи болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз ҳисоби истифодаи инноватсияҳо 70-80%-ро ташкил медиҳад. Дар лоиҳаи қонун ташкили бунёди махсуси инноватсионӣ пешбинӣ шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






