Масоҳати заминҳои ҷангали ҷумҳурӣ афзуд
Душанбе, 11 январ. (АМИТ “Ховар”, Назир Назиров).-Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 фаъолияти худро дар асоси сиёсати Президенти мамлакат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои табиӣ, Барномаҳои давлатии умумиҷумҳурӣ ва соҳавӣ, Консепсияи ҳифзи муҳити зист ва Низомномаи худ ба роҳ монд.
Дар бахши «Таъмини устувории экологӣ»-и Нақшаи чора¬би¬ни¬ҳои «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 як қатор чора¬биниҳо амалӣ шудаанд. Масоҳати заминҳои ҷангалпўши ҷумҳурӣ дар соли 2012 ба андозаи 400 гектар зиёд карда шуд. Ҳудуди мамнўъгоҳи “Бешаи Палангон” ба 62178 гектар расида, 23% зиёд гардид. Партовҳо ба ҳавои атмосфера 0,05 % кам гардиданд. Дар КВД Ширкати “ Алюминийи Тоҷик “ 12491,4 тонна партовҳо барои истифодаи такрорӣ ба истеҳсолот баргардонида шуданд. Тибқи иҷрои “Нақшаи миёнамўҳлати таъмини иҷрои Консепсияи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” дар соли 2011 чорабиниҳои зиёд амалӣ шуданд.Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор зиёда аз 508 тонна алафҳои табиӣ, 11,5 тонна хўрокаи консентратӣ ва 2,6 тонна гандуму ҷав захира гардид. Сохторҳои тобеи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои зимистонгузаронӣ 4,42 тонна донагӣ ва 124,6 тонна хошоки дурушт захира намуда, 8 нуқтаи намакдон ва 6 майдончаи ғизодиҳӣ бунёд карданд. Барои зимистонгузаронии сохторҳои Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ 225 тонна ангишт, ба маблағи 67030 сомонӣ сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ харид гардид. 41 стансия ва дидбонгоҳҳо ба маблағи 224 995 сомонӣ бо маводи ғизоӣ таъмин карда шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






