Маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон

Январь 31, 2012 15:23

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҷиҳати пешгирии маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чанде қабл аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани корҳои сертификатсионӣ миқдори зиёди маҳсулоти пастсифати қаннодии истеҳсоли давлати Туркия, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ошкор гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо иттилоъ доданд, ки баъди пурра омӯхтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маълум гардид, ки маҳсулоти қаннодии мазкур тавассути мошинҳо интиқол дода шуда ва дар наздикии сарҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон мошин ба садама дучор шуда, дар натиҷа борпечҳои маҳсулоти вайроншуда ба халтаҳои полипропеленӣ ҷой карда шуд. Маҳсулот ячанд муддат дар анборҳои муваққатӣ, ки шароити нигоҳдошташон ба талабот ҷавобгӯй набуд, нигоҳ дошта шудааст. Ширкати истеҳсолкунанда 18 ҳазору 990 кг маҳсулоти қаннодиро бо мошини дигар ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Тибқи тартиботи муқарраршуда, барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ аз маҳсулоти мазкур намуна гирифта шуда, ба ташхисгоҳи маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Суғд супорида шуд. Натиҷаи ташхис нишон дод, ки маҳсулоти мазкур аз рўи вайрон шудани борпеч ва нопуррагии маълумот, вайроншавии намуди зоҳирӣ ва интиқоли боркашонӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар асоси хулосаи ташхисгоҳ ва бо розигии соҳибкори интиқолдиҳанда баҳри ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифати ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридшаванда ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо иштироки комиссияи салоҳиятнок, аз ҷумла мутахассисони «Тоҷикстандарт», хадамоти гумруки вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зист, Маркази НДСЭ, Раёсати назорати давлатии бойторӣ ва дигар ташкилоти дахлдор маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Туркия ба миқдори 18 ҳазору 990 кг аз рӯи қоидаҳои муайяннамуда нобуд карда шуд.

Январь 31, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд