Маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҷиҳати пешгирии маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чанде қабл аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани корҳои сертификатсионӣ миқдори зиёди маҳсулоти пастсифати қаннодии истеҳсоли давлати Туркия, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ошкор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо иттилоъ доданд, ки баъди пурра омӯхтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маълум гардид, ки маҳсулоти қаннодии мазкур тавассути мошинҳо интиқол дода шуда ва дар наздикии сарҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон мошин ба садама дучор шуда, дар натиҷа борпечҳои маҳсулоти вайроншуда ба халтаҳои полипропеленӣ ҷой карда шуд. Маҳсулот ячанд муддат дар анборҳои муваққатӣ, ки шароити нигоҳдошташон ба талабот ҷавобгӯй набуд, нигоҳ дошта шудааст. Ширкати истеҳсолкунанда 18 ҳазору 990 кг маҳсулоти қаннодиро бо мошини дигар ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Тибқи тартиботи муқарраршуда, барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ аз маҳсулоти мазкур намуна гирифта шуда, ба ташхисгоҳи маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Суғд супорида шуд. Натиҷаи ташхис нишон дод, ки маҳсулоти мазкур аз рўи вайрон шудани борпеч ва нопуррагии маълумот, вайроншавии намуди зоҳирӣ ва интиқоли боркашонӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар асоси хулосаи ташхисгоҳ ва бо розигии соҳибкори интиқолдиҳанда баҳри ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифати ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридшаванда ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо иштироки комиссияи салоҳиятнок, аз ҷумла мутахассисони «Тоҷикстандарт», хадамоти гумруки вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зист, Маркази НДСЭ, Раёсати назорати давлатии бойторӣ ва дигар ташкилоти дахлдор маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Туркия ба миқдори 18 ҳазору 990 кг аз рӯи қоидаҳои муайяннамуда нобуд карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






