Муҳокимаи қазияи Афғонистон дар Берлин

Январь 18, 2012 14:46

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 16 январи соли 2012 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Эмомиддин Сатторов бо сафири Афғонистон Абдулраҳмон Ашраф ва вакили махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба Афғонистону Покистон Михаэл Штайнер баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил, ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои барнома ва рӯзномаи конфронси қарибулвуқӯи минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Конфронс 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида ва ҳайати Олмон дар кори он ширкат менамояд.Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки доир намудани ин конфронс дар заминаи конфронсҳои Истамбулу Бонн аз рӯи қазияи Афғонистон боз як раванди муҳими эҳёӣ иҷтимоию иқтисодии Афғонистон гардида ва ба ҳамгироии самарабахши минтақавӣ ва танзими лоиҳаҳое мусоидат менамояд, ки аҳамияти умумиминтақавӣ доранд.Дар шаҳри Берлин ҳамчунин мулоқоти сафири Тоҷикистон бо сафири Дания Пер Поулсен – Ҳансен ва сафири Шведсия Штаффан Карлссон баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон ва иштироки намояндагони олимақоми ин давлатҳо дар он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Январь 18, 2012 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд