Муҳокимаи масъалаҳои аз зиндонҳо баровардани маҳбусон

Январь 11, 2012 14:30

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидов дар чаҳорчӯбаи иштирок дар ҷаласаи Комиссияи чоруми байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Кобул бо раиси Суди олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдусалом Азимӣ аз рӯи масъалаи аз зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳар чи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани маҳбусони тоҷик гуфтушунид кард. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи сарнавишти шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсойро, ки ба кӯшиши қочоқи симоб айбдор шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. Мавсуф ҳоло дар зиндони Пули Чархии Афғонистон мебошад. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки моҳи декабри соли гузашта вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ.Зарифӣ тавассути телефон бо ҳамтои афғони худ аз рӯи ин масъала сӯҳбат анҷом дод. Ҷониби Афғонистон изҳор дошт, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта ва вақтҳои наздиктарин ҳал хоҳад шуд. Худи ҳамон рӯз мулоқоти муовини вазири ВКХ Тоҷикистон бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот мақоми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро ҳамчун омили самарабахши таҳким бахшидани муносибатҳои байни ҳарду давлати ҳамсоя ба таври мусбат арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин тадбирҳои омодагӣ ва роҳандозӣ намудани Конфронси панҷуми байналмилалии ҳамкории минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки бояд 26 – 27 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, муҳокима намуда ва ба ҷонибдории зарурати танзими саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб дар ин самт изҳори ақида карданд.

Январь 11, 2012 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд