Мулоқот бо ширкатҳои туристӣ

Январь 30, 2012 14:34

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии намояндагони ширкатҳои туристии мамлакат, масъулини бахши туризми кумитаи мазкур ва раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар доираи вохӯрӣ шарикон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2011 ва доир ба бархе аз масоили ҳалталаб мубодилаи афкор намуданд. Қайд шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар тӯли се соли охир дар қонунгузории соҳаи туризм истилоҳҳои назаррас ворид карда шуданд, ки барои пешрафти соҳа нақши арзанда мебозанд. Ширкатҳои туристии мамлакат аз муносибатҳои нек ва самарабахш бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар навбати худ роҳбарияти ширкатҳои туристии мамлакат ба пурсишҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, изҳори омодагӣ намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Январь 30, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд