Мулоқот бо ширкатҳои туристӣ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии намояндагони ширкатҳои туристии мамлакат, масъулини бахши туризми кумитаи мазкур ва раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар доираи вохӯрӣ шарикон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2011 ва доир ба бархе аз масоили ҳалталаб мубодилаи афкор намуданд. Қайд шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар тӯли се соли охир дар қонунгузории соҳаи туризм истилоҳҳои назаррас ворид карда шуданд, ки барои пешрафти соҳа нақши арзанда мебозанд. Ширкатҳои туристии мамлакат аз муносибатҳои нек ва самарабахш бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар навбати худ роҳбарияти ширкатҳои туристии мамлакат ба пурсишҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, изҳори омодагӣ намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






