Мулоқоти дипломати тоҷик бо вазири корҳои дохилии Туркия

Январь 7, 2012 11:04

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 январи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия, раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон-Туркия Идрис Наим Шаҳин мулоқот намуд.Зимни мулоқот рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаҳои Комиссияи муштараки иқтисодии байниҳукуматӣ, мавзӯъҳои ҷоннок намудани кори Комиссияи мазкур, масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, омодасозии мутахассисони гуногунихтисос ва иштироки соҳибкорони бонуфузи Туркия дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.Дар рафти сӯҳбат Идрис Наим Шаҳин аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ омодагии ҷониби Туркияро изҳор намуд.Қобили зикр аст, ки Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон-Туркия аз соли 2000 фаъолият намуда, то ин ҷониб 7 ҷаласаи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Анкара баргузор гардидааст.Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки охирон ҷаласаи Комиссияи мазкур соли 2009 дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Соли ҷорӣ дар Туркия баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия дар назар аст.

Январь 7, 2012 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ